Бино ба гузориши хабаргузории АБНА, Кохи Президенти Покистон дар Исломобод тайи баёнияе эълон кард: «Ҳангоме ки ҳавопаймои Президенти Покистон дар масири Исломобод ба Бағдод вориди ҳарими ҳавоии Эрон шуд, Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Покистон паёми ҳусни нияти худро барои мақомоти баландпояи Эрон ирсол намуд».
Дар баёнияи фавқ омадааст: Ин паём барои Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, Раҳбари муаззам ва доктор Масъуд Пизишкиён, Президенти Эрон ирсол шуд. Зардорӣ бар эҳтироми мутақобил ва иртиқои равобит дар минтақа низ таъкид кард.
Your Comment